Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Покистон ду нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад


Чин гуфтааст, ба Покистон дар бунёди боз ду нерӯгоҳи ҳастаӣ кӯмак хоҳад кард. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, созиш дар ин бора ҳангоми сафари президенти Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ ба Пекин ба имзо расид. Ҳамчунин қарор аст, Чин ба иқтисодиёти Покистон то моҳи июни соли оянда 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG