Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Ироқ ба созиш расидаанд


Намояндагони Амрико ва Ироқ дар робита ба созишнома дар мавриди ҳузури ояндаи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ба тавофуқи пешакӣ даст ёфтаанд. Ҷефф Моррел -сухангӯи вазорати дифоъи Амрико рӯзи панҷашанбе гуфт, ҳукумати ду кишвар тарҳи созишномаро бозбинӣ мекунанд, вале ҷузъиёти онро ошкор накард. Созишномаи мазкур заминаҳои қонунии ҳузури нерӯҳои Амрико дар Ироқро пас аз моҳи декабр фароҳам мекунад. Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ҳоло бар асоси ваколати Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар Ироқ мустақаранд ва мӯҳлати ин ваколат моҳи декабр ба поён мерасад. Мақомоти Ироқу Амрико моҳҳост, ки доир ба тарҳи созишнома гуфтӯгу мекунанд ва дар масъалаи ҷадвалии замонии ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ва бар асоси қонунҳои Ироқ ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ихтилофи назар доштанд.
XS
SM
MD
LG