Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Гурҷистону Русия поён ёфт


Русия ва Гурҷистон пас аз муноқишаашон дар тобистони имсол, имрӯз дар мавриди минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон бо миёнҷиҳои байналмилалӣ гуфтӯгу карданд. Бан Ги Мун - дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳадафи ин музокироти паси дарҳои баста, барқарор кардани эътимод миёни ду тараф аст, ки моҳи август бар сари Осетияи Ҷанубӣ бо ҳам ҷангиданд. Ба гуфтаи Елена Пономарёва – сухангӯи Созмони Милал, музокирот пас аз нисфирӯзӣ поён ёфт. Сергей Шамба – вазири умури хориҷаи Абхозистон гуфт, мақомоти Русия ва Гурҷистон рӯ ба рӯ гуфтугӯ накарданд. Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузоркунандагони ин нишаст буданд.
XS
SM
MD
LG