Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи рус мегӯяд, ҳушдор гирифтааст


Карина Москаленко як ҳомии ҳуқуқи шинохтаи Русия мегӯяд, дар дохили мошинаш дар Фаронса як моддаи хатарноки заҳрогинро пайдо кардааст ва ба эътиқоди хонум Москаленко ин кор ҳушдоре ба вай аст. Карина Москаленко гуфт, ин ҳодиса монеъи сафари вай ва ширкаташ дар муҳокимаи се нафаре шудааст, ки ба қатли хабарнигор Анна Политковская муттаҳам мешаванд. Муҳокимаи муқаддамотии ин се нафар имрӯз дар шаҳри Маскав оғоз ёфт. Карина Москаленко вакили дифоъи хонаводаи Анна Политковская ва ҳамчунин Михайил Ходорковский тоҷири шинохта ва зиндонии Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG