Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нав ба кишварҳои Аврупоӣ


Ниҳоди иҷрои Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардааст, то кишварҳои узв дар сурати муфлисии эҳтимолии ягон бонк кафолати бозгардонидани пасандозҳои бештарро диҳанд. Кишварҳои узв то кунун тавофуқ кардаанд, ки замонати пасандозҳоро, ки пештар 20 ҳазор евро буд, то 50 ҳазор евро афзоиш медиҳанд. Аммо Кумиссиёни Аврупо гуфт, баъди таъсири ислоҳот дар низоми бонкӣ ҳукуматҳо бояд замонати пасандозҳоро то 100 ҳазор евро боло баранд. Ин хабар пештар аз оғози нишасти раҳбарони кишварҳои узв дар шаҳри Брюссел нашр шуд, ки дар он асосан бӯҳрони ҷаҳонии молӣ баррасӣ мешавад. Аз ҳукумати кишварҳои узв хоста шудааст, аз барномаи 15 кишвари узви минтақаи евро ҳимоят кунанд, ки ихтисоси миллиардҳо доллар барои тақвияти бонкҳо ва эҳёи қарздиҳии бонкҳоро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG