Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Turkish Airlines 105 Boeing ва Airbus хариданӣ аст


Ширкати ҳавоии Turkish Airlines гуфт, ки нақша дорад тибқи як барномаи азиме аз ширкатҳои Boeing ва Airbus 105 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад. Turkish Airlines, ки қисман дар ихтиёри давлати Туркия мебошад, аз ширкатҳои Аврупову ИМА даъват кардааст, ки дар тендери фурӯши ҳавопаймоҳо иштирок кунанд. Ширкати ҳавоии туркӣ гуфтааст, ки ба 35 ҳавопаймои дурпарвоз ва боқӣ тайёраҳои миёнаву кӯтоҳпарвоз ниёз дорад. Аммо ширкат нагуфтааст, ки чӣ миқдор маблағро барои навсозии парки ҳавопаймоҳояш дар ихтиёр дорад. Ширкати ҳавоии Turkish Airlines дар баробари даҳҳо давлатҳои ҷаҳон инчунин чанд паврозе дар хатсайри Тоҷикистон ҳам анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG