Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобохонов дар бораи Захарченко ва Атовуллоҳ


Normal 0

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи қатли Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН-и вазорати умури дохила тақрибан ошкор шудааст, вале идомаи таҳқиқи ин парвандаро ба ҳоли таълиқ даровардаанд.

Олег Захарченко моҳи феврал дар ҷараёни даргирии миёни тобеъинаш ва маъмурони шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноёти созмонёфта дар шаҳраки Ғарм кушта шуд.

Бобоҷон Бобохонов дар нишасти хабариаш ҳамчунин гуфт, ки додситонӣ таъқиби раҳбари ҷунбиши “Ватандор” ва сардабири нашрияи “Чароғи Рӯз” Додоҷони Атовуллоҳро, ки ба гуфтаи ӯ, дар Олмон ё Фаронса паноҳ бурдааст, ҳамчунон то замони боздошт ва ба Душанбе мустарид шуданаш идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG