Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Союз" сайёҳи навро ба кайҳон бурд


Фазонаварди русии "Союз" имрӯз сайёҳи дигари кайҳониро ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ бурд. Фазонаварди мазкурро имрӯз соати 12 ба вақти Душанбе аз пойгоҳи кайҳонии Байконур дар Қазоқистон ба фазо партоб карданд. Ричард Гарриоти 47- сола ки бо сохтани бозиҳои компютерӣ сарвати зиёде ба даст овардааст, барои саёҳат ба кайҳон 30 миллион доллар пардохтааст. Ӯ фарзанди кайҳоннаварди амрикоӣ Овен Гарриот аст, ки соли 1973 ду моҳро дар истгоҳи кайҳонии "Скайлаб" сипарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG