Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба ҷудоихоҳони курд ҳамла кард


Normal 0 Артиши Туркия мегӯяд, бо ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаҳояш ба пойгоҳҳои Ҳизби Коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ ҳамла кардааст. Айни замон телевизиони Туркия гузориӯш дод, ки ҳукумати ин кишвар масъалаи музокирот бо ҳукумати Курдистони Ироқ ҷиҳати муқобила бо он гурӯҳи ҷудоихоҳони курди Туркияро баррасӣ мекунад. Ҳизби Коргарони Курдистон гоҳ гоҳе аз қаламрави Ироқ ба Туркия ҳамла мекунад. Ҳукумати ин кишвар пештар аз музокирот бо курдони ироқӣ худдорӣ варзида ва гуфтааст, ки онҳо, барои рондани аъзои Ҳизби Коргарони Курдистон аз шимоли Ироқ чандон талош намекунанд.
XS
SM
MD
LG