Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти башиддати қиматҳо дар Осиё ва Уқёнусия


Normal 0 Субҳи имрӯз низ бозорҳои молии Осиё ва Уқёнусия бо уфти башиддати қиматҳо ба кор оғоз кардаанд. Дар пайи ҷиддан пойин рафтани қиматҳо дар Волл Стрит, маркази молии Амрико, имрӯз Никеӣ, шохиси аслии бозори Ҷопон дар оғози фурӯш якбора беш аз 10 дарсад пойин рафт. Уфти қиматҳо дар бозорҳои молии Сингапур ва Зеландияи нав низ мушоҳида шудааст.
Дирӯз Дав Ҷонс, нишондиҳандаи аслии бозори молии Амрико беш аз 600 нуқта коҳиш ёфта, арзишаш аз 9000 нуқта пойин шуд, ки аз моҳи августи соли 2003 ба ин сӯ, яъне тайи 5 соли охир аслан мушоҳида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG