Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Афғонистон ва Сомалӣ дар Будапешт


Normal 0

Вазъи Афғонистон ва Сомалӣ аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар нишасти ғайрирасмии вазирони дифоъи кишварҳои узви паймони низомии НАТО дар Будапешт будааст. Ин нишаст дирӯз оғоз ёфта, имрӯз низ идома хоҳад ёфт.

Вазири дифоъи Афғонистон Абдулраҳим Вардак аз НАТО даъват кард, дар роҳи мубориза бо кишту қочоқи фазояндаи маводи мухаддир, ки як манбаъи умдаи таъмини молии ҷангиёни Толибон маҳсуб мешавад, кӯмак расонад. Амрико ва Бритониё пешниҳоди истифодаи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дар мубориза алайҳи маводи мухаддирро пуштибонӣ мекунанд.

Аммо Олмон ва Итолиёву Испания ба ин мухолифанд.

Нишасти Будапешт ҳамчунин ҷиҳати ирсоли киштиҳои НАТО ба обҳои Сомалӣ ба хотири мубориза бо раҳзанони дарёӣ тавофуқ кардааст.


XS
SM
MD
LG