Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақдуния низ Косоворо эътироф кард


Normal 0

Черногория, ё худ Монтенегро, ва баъди ҳамагӣ чанд соат Мақдуния, ду кишвари Югославияи собиқ, истиқлолияти Косоворо расман эътироф карданд. Сербистон ин гоми ҳамсояҳояш дар Балканро хиёнат номида, аз сафири Черногория дар Белград тақозо кардааст, ин кишварро тарк кунад.

Черногория ва Мақдуния, ҳарду барои пайвастан ба ИА ва паймони низомии НАТО талош доранд ва Вошингтону Бруксел фишорашон меовар, ки Косоворо ба расмият бишиносанд.

Косово дар моҳи феврал истиқлолияташ аз Сербистонро эълон кард. Бо вуҷуди мухолифати сахти Сербистон, то кунун Амрико ва аксари кишварҳои Аврупо Косоворо ба ҳайси кишвари мустақил эътироф кардаанд.


XS
SM
MD
LG