Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Черногория Косоворо ба расмият шинохт


Normal 0

Черногория, ё худ Монтенегро, як кишвари Югославияи собиқ, истиқлолияти Косоворо расман эътироф кард. Билофосила ба дунболи нашри ин хабар, вазири хориҷаи Сербистон Вук Еремич гуфт, аз сафири Черногория дар Белград тақозо хоҳад шуд, ки Сербистонро тарк кунад.

Дар ҳамин ҳол, парлумони Мақдуния, яке дигар аз кишварҳои Югославияи собиқ, низ бо тасвиби як қарор аз ҳукумати ин кишвар хостааст, Косоворо ба расмият бишиносад.

Косово дар моҳи феврал истиқлолияташ аз Сербистонро эътироф кард. Бо вуҷуди мухолифати сахти Сербистон, то кунун Амрико ва аксари кишварҳои Аврупо Косоворо ба ҳайси кишвари мустақил эътироф кардаанд.


XS
SM
MD
LG