Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NАТО нерӯи низомиашро дар Афғонистон меафзояд


Дар Будапешт, пойтахти Маҷористон, вазирони дифоъи кишварҳои узви паймони NАТО беҳбуди вазъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Мавзӯъи асосии нишасти ин вазирон, ки 9-уми октябршурӯъ гардид, роҳҳои коҳиши хушунат дар Афғонистон аст. Дар ҳоле, ки феълан дар Афғонистон беш аз 50 000 афсару сарбози нерӯҳои паймони NАТО ифои вазифа мекунанд, ИМА мехоҳад, ки 26 кишвари узви паймон ба ин кишвари осиёӣ сарбози бештар фиристанд.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳони NАТО дар Афғонистон тақозо доранд, ки ба ин кишвар боз 12 000 низомӣ фиристода шавад.

Дабири кулли паймони NАТО Яап де Ҳооп Схеффер дар шаҳри Будапешт дар суханронии рӯбарӯ бо сарбозони паймон гуфт: "Аз таҷрибаи шахсие, ки аз Афғонистон дорам, медонам, ки ҳоло дар онҷо вазъ фавқулода муташанниҷ аст. Вале ҳачунон медонам, ки ҳузури мо дар он кишвар на танҳо гарави амнияти мардуми афғон, балки ҳамзамон гарави амнияти мо дар хонаамон мебошад".

Феълан дар Афғонистон 33 000 низомии ИМА мустақар мебошанд. Вашингтон тасмим гирифтааст, шумораи нерӯҳояш дар Афғонистонро афзоиш диҳад.

7-уми октябр кантслери Олмон Ангела Меркел изҳор намуд, ки ба ҳамин зудиҳо Олмон боз 1 000 низомиашро ба Афғонистон фиристода, шумораи умумии нерӯҳояш дар ин кишварро ба 4500 нафар хоҳад расонд. Дар айни замон Олмон нерӯҳояшро дар манотиқи нисбатан ороми Шимоли Афғонистон ҷойгир намуда, сарфи назар аз дархости Вашингтон, сарбозонашро ба гӯшаҳои ҷануби Афғонистон, яъне маркази ошӯбҳо, намефиристад.

Дар ҳамин ҳол вазири мудофиъаи ИМА Роберт Гейтс ҳангоми суханронӣ дар нишасти вазирон гуфт, сарбозон бояд ба муъомилаи ғайришаръӣ бо ҳероин таваҷҷуҳ намоянд, зеро даромад аз қочоқи маводди мухаддир барои тасиъаи ошӯбҳо ва умуман, дастгирии молиии ифротгароии байнулмилалӣ масраф мешавад.

Фармондеҳони NАТО тахмин мекунанд, ки ҳамлу нақли ғайриқонунии ҳероинн ба Толибон ва шабакаи террористии «ал-Қоъида» солона то 100 миллион доллар даромад меорад. Ӯ афзуд, агар имкон бошад, сарбозони кишварҳои узви паймон бояд саъй кунанд, ки қочоқчиёни бузург ва лабораторияҳои истеҳсоли ҳероинро кашфу безарар намоянд, то сарчашмаи молии ошӯбҳо аз байн бурда шавад.

Вазири дифоъи ИМА бори дигар аз кишварҳои олам даъват кард, ки дар эҳёи назму суботи Афғонистон саҳми бештар гиранд. Ӯ хотирнишон намуд, ки ибтидои соли оянда ИМА ба Афғонистон то 8 000 афсару сарбозашро сафарбар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG