Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 декабр - рӯзи интихоботи парлумонии Украина


Виктор Юшенко, раиси ҷумҳурии Украина амр дод, ки дар таърихи 7 декабри имсол интихоботи зудҳангоми парлумонӣ баргузор шавад. Ахиран баъди адами тавофуқи ҳизбҳо барои ташкили эътилофи нав, Юшенко парлумонро пароканда карда таърихи баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлатро эълон кард. Дар як суханронии телевизионӣ раиси ҷумҳурии Украина Тимошенкоро дар пошхӯрии эътилоф гунаҳгор кард ва гуфт:

"Ба эътимоди қавии ман, эътилофи демократӣ танҳо бо иллати як чиз пош хӯрд - ҷоҳталабиҳои инсонии фақат як нафар, ки бо нафси бад талош ба касби қудрат дошта, арзишҳои мутафовитро парастиш мекарду манфиатҳои шахсиро волотар аз манофеи миллӣ гузошта буд".

Моҳи сентябр баъди талоши ҳизби Тимошенко ва ҳизби рӯ ба Маскави минтақаҳо барои коҳиши салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ҳизби президент эътилофи норанҷиии парлумониро, ки бо ҳизби нахуствазир ташкил карда буд, тарк кард. Тимошенко дар посух ба изҳороти Юшенко гуфт, ки қарори президентро оиди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат ба чолиш мекашонад.

XS
SM
MD
LG