Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими якҷояи ИМА ва ИА алайҳи бӯҳрони молӣ


Бонкҳои Амрикову Аврупо ба хотири ташвиқи фаъолиятҳои иқтисодӣ иқдоми якҷоя карда, фоизи баргаҳои қарзро пойин бурданд.

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ рӯзи чоршанбе ҳамоҳанг сохтани талошҳо байни давлатҳо ва бонкҳои марказиро танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз фурӯпошии иқтисодҳо ва муқобила бо тӯфони, ба гуфтаи Саркозӣ, “бемислумонанди молӣ” номид.

Бритониё барои муқобила бо бӯҳрон 50 миллиард паунд ва Испания ба ин хотир 50 миллиард евро ҷудо кардаанд. Ин иқдомот дар пайи иқдоми Амрикост, ки ҳафтае пеш барои расидагӣ ба бӯҳрони фазояндаи молӣ як барномаи пурҳазинаи 700-миллиарддоллариро тасвиб кард.

Сарвазири Бритониё Гордон Браун зимни ташреҳи далоили даст ба таҳияи чунин барномаи наҷот задани давлаташ гуфт, вазъи фавқулоддае, ки пеш омадааст, иттихози қарорҳои ҷасурона ва барои дарозмуддатро тақозо мекунад. Тибқи ин барнома, давлати Бритониё дар ивази саҳмияҳои бонкҳо дар 8 бонки бузургтарини кишвар 50 миллиард паунд, муодили тақрибан 90 миллиард доллар, сармоя мегузорад.

Аммо ба фарқ аз барномаи 700-миллиарддолларии давлати Амрико, тарҳи Бритониё харидории қарзҳои ба истилоҳ “бад”-и бонкҳоро дар назар надорад, балки дар ивази истифодаи ин маболиғ аз он 8 бонк фоизи мушаххас хоҳад гирифт.

Бонки марказии Амрико ва ҳамин тавр Бонки марказии Аврупо ва 6 кишвари дигар дирӯз нархи баҳраҳои қарзҳои бонкиро пойин бурданд, ки ин ҳам ба хотири аз ҳоли талотум ва бӯҳрон берун овардани низомҳои бонкист.

Пойин бурдани фоизи баргаҳои қарз аз сӯи Бонки Марказии Амрико ба дунболи тасвиби тарҳи 700-миллиарддолларии наюоти низоми молии он кишвар ва ҳам тасмими Бонки Марказии Амрико ҷиҳати ироаи қарзҳои кӯтоҳмуддат ба ширкатҳо ва ниҳодҳои молӣ ба хотири оддӣ сохтани авзоъ дар бозори қарз иттихоз шудааст. Азбаски ин иқдом шоми чоршанбе иттихоз шуд, табиист, ки ба вазъи бозорҳои Осиёву Аврупо ҳанӯз таъсире гузошта натавонистааст. Қиматҳо дар бозорҳои бурси ин ду қора рӯзи чоршанбе низ ба таври қобили мулоҳиза пойин рафтанд.

Вале таъсири қарори ахири Бонки Марказии Амрико ба бозорҳои бурси ин кишвар мухталиф будааст. Шохиси саноатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори Амрико, ибтидо пойин рафта, сипас дар давоми рӯзи чоршанбе ба самти боло ҳаракат кард. Аммо дар поёни рӯз ин шохис дубора рӯ ба шеб овард ва дар ниҳоят 200 нуқта пойин рафт.

Бо ин вуҷуд, вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Полсон дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ӯ мутмаин ҳаст, қарорҳои то ҳол қабулкардаи давлати Амрико дар ниҳоят бӯҳронро ҳадди ақал дар ҳудуди ин кишвар аз байн хоҳад бурд. Полсон афзуд, ӯ ҳамчунин мехоҳад раванди муқобилаи ҷаҳон ба бӯҳрони молиро бо ҳамтоёнаш аз он сӯи уқёнус ҳамоҳанг кунад. Полсон дар поёни ин ҳафта мизбонии нишасти гурӯҳи Ҷи 7-ро, ки 7 кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳида мекунад, бар ӯҳда хоҳад дошт.

Вазири дороии Амрико ҳамчунин хостори даъвати нишасти гурӯҳи Ҷи 20 шуд. Ин гурӯҳ бар иловаи кишварҳои пешрафта иқтисодҳои дар ҳоли рушди ҷаҳонро, ки низ аз бӯҳрони молӣ сахт азият мекашанд, фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG