Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко Тимошенкоро айбдор мекунад


Normal 0

Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко сарвазир Юлия Тимошенкоро дар сарфи назар кардани манфиатҳои миллӣ ба хотири касби қудрат айбдор кард. Юшенко дар пайи пароканда кардани парлумон ва эълони интихоботи зудҳангоми парлумонӣ бо як паёми телевизионӣ ба мардум муроҷиат кард.

Тимошенко ва Юшенко, ду муттаҳиди аслӣ дар рӯзҳои “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004, баъдан дар масъалаи тақсими қудрат дар ду сангари мухталиф қарор гирифтаанд.

Ҳизби президент Юшенко аз эътилоф бо Ҷунбиши Тимошенко дар моҳи сентябр хориҷ шуд.

Юлия Тимошенко қарори президентро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, ҳадафи Виктор Юшенко аз пароканда кардани парлумон барканор кардани ӯ аз мақоми сарвазирист.


XS
SM
MD
LG