Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина парлумони ҷадид интихоб хоҳад кард


Normal 0

Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко шоми чоршанбе парлумони кишварашро пароканда ва интихоботи ҷадид ва зудҳангоми парлумонӣ эълон кард. Ин қарори Юшенко дар пайи ба нокомӣ анҷом ёфтани талоши раҳбарони аҳзоби парлумонӣ ҷиҳати ташкили кобинаи нави вазирон содир шуд.

Аз иттиҳод бо тарафдорони сарвазир Юлия Тимошенко хориҷ шудани ҳизби президент мунҷар ба фурӯпошии эътилофи “норанҷӣ”-и ҳоким дар кишвар дар моҳи сентябр шуд.

Тимошенко ва Юшенко, ду муттаҳиди аслӣ дар рӯзҳои “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004, акнун дар ду сангари мухталифи сиёсӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG