Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви байнулмилал Испанияро танқид кард


Созмони Афви байнулмилал ё Амнести Интернешинал имрӯз ҳукумати Испанияро дар адами кӯшиши ҷилавгирӣ аз интиқоли муттаҳамон дар терроризм тавассути ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба боздоштгоҳҳои ғайриқонунии сартосари Испания муттаҳам кард. Афви байнулмилал мегӯяд, ки тақрибан 90 ҳавопаймои марбут ба Оҷонсии марказии истихборот дар миёни солҳои 2002 то 2007 дар 15 фурудгоҳи Испания, ғолибан дар соҳилҳои Канарӣ фуруд омадааст. Гузориш меафзояд, ки кишварҳои дигари аврупоӣ ҳам айнан ҳамин гуна хадамотро пешкаш кардаанд.
XS
SM
MD
LG