Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис: "Русҳо аз манотиқи буферӣ берун шуданд"


Вазорати дохилаи Гурҷистон гуфт, ки нирӯҳои русӣ пурра аз манотиқи амн дар атрофи ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистон берун шуданд. Ин нирӯҳо имрӯз мебоист ҳамаи шаш посгоҳи низомии худро дар манотиқи буферии қаламрави Гурҷистон тарк мекарданд. Сухангӯи вазорати дохилаи ин кишвар Шота Утиашвилӣ гуфт, ки "онҳо аз ҳамаи манотиқи буферӣ берун шуданд". Аз ҷараёни беруншавии нирӯҳо нозирони Иттиҳодияи Аврупо мушоҳида мекунанд. Русия бояд то рӯзи ҷумъа, мутобиқи қарордоди оташбаси миёни Русияву Гурҷистон, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шудааст, артиши худро аз хоки Гурҷистон берун кашад.

XS
SM
MD
LG