Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс вориди Мақдуния шуд


Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико баои ширкат дар мулоқоти вазирони дифоъи минтақа вориди Мақдуния ё Македония шуд. Вай баъд аз боздидаш аз Косово ба Мақдуния омад. Вай дар Косово гуфт, баъд аз эълони истиқлоли давлатии Косово Амрико мухолифи тақсими қаламрави Косовост. Қарор аст оқои Гейтс рузи панҷшанбеву ҷумъа дар Маҷористон ба вазирони дифоъи кишварҳои НАТО бипайвандад ва дар мулоқоти онҳо ширкат ҷуяд. Дар ин мулоқот муносиботи НАТО бо Руссия дар садри масъалаҳои мулоқот қарор хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG