Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исланд бонки дигарро дар баробари буҳрон миллӣ кард


Имруз Исланд бонки дигари худро миллӣ кард, зеро хатари буҳрони молии ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвараш таҳдид мекунад. "Лэндзбанки" ҳоло ба ихтиёри ҳукумат даромад, то онро аз варшикастагии молӣ наҷот диҳад. Гир Ҳорде-нахуствазири Исланд гуфт, вазъият ҷиддист, вале кишвараш аз пардохти қарзҳо ҳеҷ гоҳ саркашӣ намекунад:


"Ҳеҷ гоҳ на. Ин комилан рушан аст. Исланд ҳеҷ гоҳ аз пардохти қарзҳои аслиаш саркашӣ накардааст".

Бонки марказии Исланд гуфтааст, Руссия тақрибан 5-у ним милярд доллар ба бонк қарз медиҳад, вале ҷониби Руссия гуфтааст, ки дар ин бора касе ба таври расӣ муроҷеъа накардааст.

XS
SM
MD
LG