Нишондиҳандаи аслии маркази молии Амрико - Уол Стрит дирӯз, 6 октябр, боз як рӯзи нохушро пушти сар кард. Доу Ҷонс - шохиси фаъолияти саноатии ИМА рекорди якрӯзаи поинравиро гузошта ба 800 ченаки манфӣ расид. Бори нахустин дар тӯли 4 соли охир Доу Ҷонс ба ҳадди 10 ҳазор ченак поин рафта, шохисҳои умдаи кишвар низ ҳамин тавр то ба 7 дар сад коҳиш ёфтанд.
Чунин раванд дар тамоми бозорҳои бурси ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Аврупо ва Русия мушоҳида шудааст. Уфти қимати саҳом бахусус дар Русия эҳсосшаванда буд ва бозорҳои он кишвар дар пайи 14 дарсад поин рафтани шохисҳои аслӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ карданд.
Бар ақидаи таҳлилгарон, уфти босуръати қимати саҳом нишон медиҳад, ки сармоягузорон ба муваффақияти тарҳи 700-миллиарддолларии наҷоти низоми молии Амрико ҳамчунон бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Бо сабаби ин бӯҳрон, бонкҳо бо мушкили хеле зиёд вомҳоро ҷудо мекунанд ё ин ки аз додани қарз тамоман даст кашидаанд.
Бӯҳрони молӣ ҳамчунин боиси боз ҳам поин рафтани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шудааст. Акнун нархи як бушкаи нафти хом камтар аз 90 доллар арзиш дорад, дар ҳоле ки ҳамагӣ се моҳ пеш дар моҳи июл нархи як бушкаи нафт ба 150 доллар наздик шуда буд.
Мухтарам Мухочир чиро бинем худатки мухочири дар Руссия чихел буд ё набуд дар даври саюз Точикон мухочир набуданд.
Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар.
Ин бизнеси хукумат аз хисоби шахрвандон, хаминхел давомкунад карор ё ин ки конун дар бораи нафаскашии шахрвандон кабул мешавад, яне чикадар нафас аз хавои точикистон кашиди бояд пешпардохт шавад.
Аз рости сахт мезад дар ин хавой сард боз бо чуби тар задан ин аз руй инсоф нест
Хеч камбуди нашудааст ,дар замони Совети мо низ танбех ва сарзаниш ва хатто мезадан, хеч чиз нашудем калон шудем , босавод шуд, ташакур ба устодон. Замони шуд ки, ба хеч кас чизе гуфта намешавад устодони азиз кушиш кунед ба фарзадони мардум дигар даст боло накунед,зеро замона дигар аст.