Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари рус низ дар Тсхинвалӣ кушта шудааст


Як афсари аршади нируҳои Руссия дар миёни 7 сарбози кушташудаи ин кишвар будааст, ки дар инфиҷоре дар Осетиёи Ҷанубӣ ба қатл расидаанд. Сарҳанг Иван Петрик-раиси ситоди муштараки нируҳои Руссия дар Осетиёи Ҷанубӣ ҳангоме ба қатл расид, ки мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар наздикии дафтари кории вай дар Тсхинвалӣ мунфаҷир шуд. Вазорати дифоъи Руссия ин инфиҷорро амали террористӣ арзёбӣ кардааст. Вазорати дохилаи Гурҷистон ба зудӣ даст доштани кишвараш дар ин ҳодисаро рад кард ва онро амали таҳрикомез хонд, ки метавонад сабаби тамдиди ҳузури нируҳои Руссия дар минтақа шавад.

XS
SM
MD
LG