Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии буҳрони молӣ дар Аврупо


Шанбеи 4-уми октябр раҳбарони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ дар Порис мулоқот карданд.

Ин мулоқот ба ибтикори Николас Саркозӣ,раисҷумҳури Фаронса, ки ҳамзамон раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро низ бар уҳда дорад, баргузор мешавад. Дар мулоқот роҳҳои рафъи буҳрони молӣ, ки баъзе аз бонкҳои аврупоиро ба варшикастагӣ рӯбарӯ кардааст, баррасӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки як рӯзи ҷумъа Конгресси Амрико тарҳи наҷоти молии муассисоти ин кишварро ба тасвиб расонд.

Хосе Мануел Бароссо, раиси Кумисюни Аврупо аз тарҳи наҷоти молии Амрико истиқбол кард ва гуфт, Амрико барои мубориза бо буҳрон аз худ масъулият нишон дод. Вале, дар ҳамин ҳол, чунин ба назар намерасад, ки ширкаткунандагони мулоқоти Порис тарҳеро аз қабили он баррасӣ кунанд.

Оқои Саркозӣ бо баргузории чунин мулоқот мехоҳад ба соҳибкорону раъйдиҳандагон бигӯяд, ки онҳо ба ҳукуматҳои худ бовар дошта бошанд, зеро мақомоти зидахли кишварҳои муҳимми аврупоӣ захоири зарурии молиро барои ҳимояи бонкҳо сафарбар мекунанд ва касе пасандози худро аз даст намедиҳад.

Саркозӣ ба мулоқот Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, Силвио Берлусконӣ,нахуствазири Итолиё, ва нахуствазири БритониёГордон Браунро даъват кардааст. Дар ин мулоқот ҳамчунин Жан-Клод Тричет, раиси Бонки марказии Аврупо ва Жан-Клод Янке, раиси бахши вазоратхонаҳои молии қаламрави евро, ширкат доранд.

Бино ба хабарҳое, ки то ҳол ба матбуъот роҳ ёфтаанд, барои наҷоти бонкҳои аврупоӣ ҳудуди 415,7 миллиард доллар зарур аст. Вале дар ҳамин ҳол Олмону Бритониё ба ин пешниҳод мухолифат нишон доданд. Финлонд низ аз мулоқоти молии Аврупо, ки хостори ба ин мулоқот даъват шудани ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо буд, шадидан интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG