Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарроҳи чанд бамгузорӣ дар Бағдод кушта шудааст


Низомиёни амрикоии мустақар дар Ироқ мегуянд, нируҳои онҳо як шахси машкук ба тундрави Ал-Қоъидаро ба қатл расондаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, шахси кушташуда як силсила бамгузориҳоро дар Бағдод-пойтахти Ироқ тарҳрезӣ кардааст ва дар куштори гуруҳе аз дипломатҳои Руссия дар соли 2006 даст доштааст. Ин шахс Моҳир Аҳмад Маҳмуд ал-Зубайдӣ ном доштааст ва уро бо номи Абуасад ё Абурамӣ низ мешиносанд. Ба гуфтаи низомиён, вай рузи ҷумъа дар даргирие дар Бағдод бо як хонум кушта шудааст. Аз хонуми ном бурда намешавад.

XS
SM
MD
LG