Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи мухолифони чопи китобе дар бораи Муҳаммад Пайғамбар


Се марди бритониёӣ имрӯз дар баробари додгоҳ ҳозир мешаванд. Ин афрод барои оташ задани дафтари ширкате дар Лондон, ки мебоист китоби наверо роҷеъ ба қиссаи издивоҷи Муҳаммад Пайғамбар бо арӯси кӯдакаш ба чоп мерасонд, муттаҳам мешаванд. Нависандаи амрикоӣ Шеррӣ Ҷонс дар китобе бо исми "Гавҳари Мадина" қиссаи тахаюлиеро роҷеъ ба Оиша қисса мекунад, ки тибқи анъанаҳои мазҳабиаш мебоист дар нӯҳсолагӣ ҳамсари Муҳаммад Пайғамбар мешуд. Ду моҳ пеш чопхонаи Random House дар Амрико аз нашри ин китоб худдорӣ кард ва гуфт, ки он метавонад боиси ранҷиши хотири мусалмонҳо шуда хушунату бенизомиҳоро дар пай дошта бошад.
XS
SM
MD
LG