Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояи Обама ва Маккейн аз барномаи наҷоти молӣ


Сенат: маҷлиси болоии Конгресси ИМА бо баъзе тағйиру иловаҳо барномаи тахсиси 700 миллиард доллар барои наҷоти низоми молии ин кишварро тасвиб намуд. 74 узви Сенат ва аз ҷумла довталабҳои курсии раёсатҷумҳурии ин кишвар Барак Обамаи демократ ва Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ ба тарафдорӣ аз барнома овоз доданд. 25 сенатор зидди иҷрои барнома раъй доданд.

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба амали Сенат баҳои баланд дода, изҳори умед кардааст, ки Маҷлиси Намояндагон: маҷлиси поёнии Конгресс ҳам ба Сенат пайравӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG