Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масрафоти низомии Русия дар соли 2009 меафзояд


Normal 0

Сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, давлати Русия соли оянда барои харидории таслиҳоти нав ва қисман барои пӯшонидани ҳазинаи ҷанги кӯтоҳи Гурҷистон беш аз 3 миллиард доллари дигар ҷудо хоҳад кард. Ин маблағ ба чӣ ҳазинае барои Русия тамом шудани низоъи низомии моҳи август бо Гурҷистонро як андоза рӯшан мекунад.

Маскав то ҳол аз ҳар навъ посух ба ин суол дурӣ меҷуст.

Ҳамлаи Русия ба хоки Гурҷистон дар пайи талоши Тифлис барои дубора таҳти назораташ овардани минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ оғоз ёфта буд. Нирӯҳои Русия ба зудӣ нирӯҳои гурҷиро аз хоки Осетияи ҷанубӣ, сипас аз ҳудуди Абхозистон, минтақаи дуввуми ҷудоиталаби Гурҷистон берун карда, ба дунбол бархе манотиқи Гурҷистонро ишғол карданд.
XS
SM
MD
LG