Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи кори нозирони аврупоӣ дар Гурҷистон


Ҳудудан 350 узви ҳайати назоратии Иттиҳодияи Аврупо фаъолияти худро дар қаламрави Гурҷистон шурӯъ карданд. Чаҳор мошини мусаллаҳе, ки дар дохили ҳар яки он ду нозири аврупоӣ қарор доранд, дафтари худ дар маҳалли Базалеттӣ, наздики Тифлисро тарк карда, ба назорати қаламрави ин кишвар шурӯъ карданд. Фаъолияти онҳо тибқи созишномаи сулҳи миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия сурат гирифтааст, ки баъди ҷанги панҷрӯзаи Гурҷистону Русия дар хоки ҷумҳурии ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ҳосил шудааст. Тибқи ин созиш, Русия муваззаф шудааст, ки куллия нирӯҳои низомиашро аз беруни хоки Осетия ва Абхозистон берун кашад ва дар тӯли 10 рӯзи баъди ин ҳайати нозирони аврупоӣ бояд дар ин манотиқ мустақар шаванд. Рӯзи сешанбе Русия гуфт, ки нозирони аврупоиро барои вуруд ба манотиқи амн ё буферие, ки Осетияи Ҷанубиро иҳота кардааст, иҷоза нахоҳад дод. Бо ин вуҷуд, раиси ҳайати нозирон Ҳансёрг Ҳабер имрӯз гуфт, ки баъди гуфтушуниде бо артиши Русия дар Гурҷистон, нозирон ҳақи вуруд ба қаламрави буферии атрофи Осетияи Ҷанубуиро ба даст оварданд. Сухангӯи нирӯҳои низомии Русия Виталий Манушко гуфт, ки боздиди мазкур хеле кӯтоҳ ва мухтасар хоҳад буд:

"Феълан назорат танҳо то марзҳои ҷанубии минтақаи амн сурат хоҳад гирифт. Сабаби асосии он дар набуди ёддошти тафоҳуме миёнии ҳайати нозирон ва посдорони сулҳи Русия аст, ки ба таври мушаххас вазифаҳои ҷонибҳоро мунъакис мекунад. Ингуна ёддоште ҳамчунин дар миёни Гурҷистон ва Русия низ вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, мутаассифона то ҳол шумори ҳайати полиси Гурҷистон, ки бояд дар деҳоти манотиқи амн мустақар шаванд, муайян нашудааст. Аммо гуфтушунид дар ин замина ҳоло идома хоҳад кард".

Зимни боздидаш аз Гурҷистон дирӯз раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана итминони хотир дод, ки ҳама ҷонибҳо ба тааҳҳудоти худ пойбанд хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG