Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш арзёбии барномаи наҷоти бозорро идома медиҳад.


Баъди худдории вакилони қонунгузори ИМА аз тасвиби барномаи наҷоти низоми молии ин кишвар президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, ки боз ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад, то барнома ба тасвиб расад:
"Мо барномаи бузургеро рӯи даст гирифтем, зеро мушикли мо бузург аст. Баъди мулоқот бо президенти Украина ман бо мушовирони иқтисодӣ вомехӯрам ва мо бо аъзои Конгресс ва раҳбарони Конгресс ҳамкорӣ мекунем. Стратегияи мо ҳалли мушкилиҳои иқтисодӣ мебошад ва мо ҳамкорӣ мекунем, то ҳаракати мо ба пеш давом ёбад."
Вакилони Маҷлиси Намояндагон: Маҷлиси поёнии Конгресси ИМА рӯзи душанбе аз тасвиби лоиҳаи президентии тақдими 700 миллиард доллар барои наҷоти бозорҳои молии ин кишвар худдорӣ карданд.
Вазири молияи ИМА Ҳенрӣ Полсон гуфт, ки дар чунин шароити душвор бозорҳои молии ИМА хуб амал мекунанд.
Сухангӯи Қасри Сафед мегӯяд, ки Полсон ва дигар мансабдорони маъмурияти Ҷорҷ Буш бо вакилони Конгресс баҳси барномаро идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG