Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овоздиҳии наҷоти низоми молӣ дар Конгресси ИМА


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз қонунгузорони ИМА тасвиби барномаи тахсиси 700 миллиард доллар барои харидории қарзҳои ба истилоҳ "бад"-ро ба овоз мегузоранд. Аз эҳтимол дур нест, ки Маҷлиси Намояндагон: Маҷлиси поёнӣ имрӯз ва Сенат: Маҷлиси Болоии Конгресси ИМА дар давоми ҳафтаи равон масъаларо мавриди раъйдиҳӣ қарор диҳанд. Барномаи мазкур бузургтарин дахолати ҳукумати ИМА дар низоми молӣ аз замони бӯҳрони иқтисодии солҳои сиюми қарни гузашта мебошад. Харидории қарзҳои беқурбшуда аз ширкатҳои молӣ шароит фароҳам меорад, ки дар ИМА имкони қарзгирӣ барқарор шавад.

Раиси Маҷлиси Намояндагон хонум Ненсӣ Пелосӣ мегӯяд, ки барномаи ёдшуда на наҷоти Волл Стрит, балки имкони ҳифзи дороии мардуми андозсупор ва эҳёи иқтисоди ИМА мебошад:

"Мо ба Волл Стрит паём мефиристем, ки ҷашн хотима ёфт. Давраи тақдими ҷоизаҳои гӯшношунид ба раҳбарони Вол Стрит хотима ёфт. Бемасъулиятии Волл Стрит аз ҳисоби мардуми андозсупор ҷуброн намешавад ва ин аст хабаре, ки қонунгузорон интишор мекунанд".

Хабари созиши амрикоӣ замоне пахш иешавад, ки нишонаҳои бӯҳрони молӣ дар Аврупо зуҳур мекунанд.

Бонки Марказии Аврупо гурӯҳи молии Фортисро, ки аз ҷониби Ҳолланд ва Белгия назорат мешавад, наҷот дод. Қабл аз он раиси Бонки Марказии Аврупо Жан Клод Трише бо мансабдорони Ҳолланд, Белгия ва Люксембург мулоқот намуда буд.

Дар Лондон ҳам омодагӣ ба милликунонии ширкати молии Bradford & Bingley идома дорад.

Дар Олмон тибқи гузоришҳои расида ширкати тақдимкунандаи қарз Hypo Real Estate бо нозири бонкҳои кишвар ва вазорати молия бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз варшикастагиаш музокироти оҷил пеш мебарад

XS
SM
MD
LG