Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти қатли пулисзан дар Қандаҳор


Normal 0

Малолай Какар, аз пулисзанҳои маъруфи афғон, дар асари як ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Қандаҳор кушта шуд Малолай Какар, нахустин зани пулис баъд аз суқути давлати Толибон дар ҷануби Афғонистон, дар идораи пулиси Қандаҳор раҳбарии бахши мубориза бо ҷиноёт алайҳи занонро бар ӯҳда дошт. Дар ин воҳиди пулис ба ғайри ӯ 10 зани дигар низ ифои вазифа мекарданд. Мошини Какар дар роҳи бозгашт ба хона ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Писари ӯ дар ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардошта, дар бемористон беҳуш будааст.

Сухангӯи Толибон Юсуф Аҳмадӣ гуфт, ки ин ҳамларо ҷангиёни Толибон анҷом додаанд.

Тайи танҳо ним соли охир дар Афғонистон тақрибан 750 маъмури пулис кушта шудаанд.

Малолай Какар аз хонаводаест, ки ҳам падар ва ҳам бародаронаш афсарони пулис будаанд. Худи ӯ ҳанӯз соли 1982 ба суфуфи пулис пайваст, вале дар замони давлати Толибон маҷбур шуд аз кори пулис канор биравад.
XS
SM
MD
LG