Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тарҳи молии Буш дар Конгресси Амрико


Вакилони конгресси Амрико саъй хоҳанд кард, то дар мавриди барномаи наҷоти молии 700 миллиарддолларии ҳукумати Ҷорҷ Буш ба тавофуқ бирасанд.

Ҳарчанд мулоқоти пешинаи вакилони конгресси Амрико дар ин маврид бенатиҷа анҷомид. Ҷорҷ Буш ба хотири тасвиби фаврии барнома, номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур Ҷон Маккейн ва Барак Обамаро ба нишаст даъват кард, вале ин ҳам натиҷае надод. Баръакс дар нишаст вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҷойи барномаи Ҷорҷ Буш барномаи дигаре ҳам пешниҳод карданд, ки ин мулоқотро ба маҳфили мусоҳибони хашмгину ҷанҷолӣ табдил дод.

Тарҳи 700 миллиарддолларии наҷоти молӣ, ки бо пешниҳоди Ҳенрӣ Паулсон вазири хазонадории Амрико матраҳ шудааст, хотима додан ба бӯҳрони моли феълиро ҳадаф дорад, вале вакилони ҳизби ҷумҳурихоҳ харҷи чунин пули зиёд барои ҳифзи бонкҳои хусусӣ кори дуруст нест.

Бар асоси тарҳ, давлат бо 700 миллиард доллар моликият ва дороии ширкатҳоеро бояд харидорӣ кунад, ки арзиши амволашон бинобар рукуди бозори маскан дар Амрико ниҳоят поён рафтааст. Ҳадаф аз тарҳ ин аст, ки ширкатҳои мазкур дигарбора сарвати пешинаи худро ба даст оварда ва додани қарз ба мардумро идома диҳанд. Аммо баъди онки вакилони Ҳизби Демократ ва Ҷумҳурихоҳ ба мувофиқа нарасиданд, бо мусоҳибаву нишастҳои матбуотӣ ҳамдигарро айбдору гунаҳкор карданд. Намояндаи Ҳизби Демократ Барнӣ Франк раиси Кумитаи Умури Бонкии Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки дар нишаст ҳузур дошт, мулоқотро чунин тасвир кард.

Аъзои ҷумҳурихоҳи маҷлис каме истоданд ва сипас ҳамоишро тарк карданд. Ва ба мо гуфтанд, ки вакилони ҷумҳурихоҳ ҳеҷ нияте барои тарҳрезии ин барнома надорем ва ё барои кӯмак дар тасвиби он аҳде ҳам надодаем.

Кристофер Дод, намояндаи дигари Ҳизби Демократ ва раиси кумитаи умури бонкӣ дар Сенати Амрико, гуфт, акнун раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш бояд вакилони ҳизбашро водор ба тасвиби тарҳ кунад. Муаллифони тарҳ Ҳенрӣ Полсон ва Бен Бернанке, раиси Бонки Марказии Амрико, баъд аз мулоқоти бенатиҷа бошитоб ба Маҷлиси Намояндагон омаданд, то вакилони ҷумҳурихоҳро барои идомаи музокирот моил кунанд.

Ва айни замон бӯҳрони молӣ дар Амрико, бонки дигареро низ қурбон кард. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида бузургтарин бонки амонатии кишварро, ки муфлис шуд, баста ва амволи онро ба дигар бонкҳо фурухтанд. Баъди ин қурби доллар, арзиши саҳмияҳо дар бозорҳои молии Амрико ва кишварҳои Осиёӣ поён омад. Бӯҳрони молӣ, ки аз 13 моҳ пеш дар Амрико шурӯъ шудааст ба марҳилаи вазнинтаре ворид гардид ва бими онро меравад, ки аз ин бӯҳрон на танҳо бонкҳо балки тамоми иқтисоди Амрико зиён хоҳад дид.

Иқтисоддонон мегӯянд, решаи ин бӯҳрон, қарзҳоест, ки барои хариди манзил ба шумораи зиёди амрикоиёни камдаромад додаанд. Ба далели он ки қарзгирандагон натавонистанд, фоизи қарзҳои гирифтаи худро пардозанд, бонку муассисаҳои молии зиёде гирифтори мушкилоти молӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG