Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Афғонистон ба кумаки бештар ниёз дорад


Фиристодаи воломақоми СММ дар Афғонистон изҳор намуд, ки дар се моҳи гузашта вазъи амниятии Афғонистон ногувортар шуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри тақвияти полиси афғон бояд кумаки бештареро дареғ надорад. Фиристодаи хоси СММ Кай Эйд ба хабарнигори Рейтерс гуфт, ногуворшавии вазъи амниятии Афғонистон боиси он шудааст, ки баъзе кишварҳо ӯҳдадории эҳёи Афғонистонро канор гузоштаанд. Рейтерс навиштааст, ки соли равон дар Афғонистон камаш 3000 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳангоми суханронӣ дар маҷмаи кулли СММ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай кумаки бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири тамрину муҷаҳҳазгардонии артишу полиси Афғонистонро дархост намуд.
XS
SM
MD
LG