Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди ҳамла ба фурудгоҳҳои Покистон


Дар фурудгоҳҳои Покистон баъди як ҳушдори телефонӣ дар бораи имкони таркиш баландтарин сатҳи хатари террористӣ эълон шуд. Бо вуҷуди ин, парвозу фуруди ҳавопаймоҳо идома дорад. Баъди инфиҷор дар меҳмонсарои "Марриотт"-и Исломобод, ки бар асари он 53 нафар кушта ва беш аз 260 нафар маҷрӯҳ шуданд, мақомоти Покистон аз имкони вуқуъи ҳамлаҳои нави террористӣ ҳарос доранд.

Чанд рӯз пеш ширкати бритониёвии British Airways бо далелҳои амниятӣ шаш парвози ҳарҳафтаина ба шаҳрҳои Покистонро лағв карда буд. Имрӯз вазорати хориҷаи ИМА ба шаҳрвандони Амрико зистан дар меҳмонсароҳои бузурги Исломобод, Қарочӣ ва Пешоварро манъ кард.
XS
SM
MD
LG