Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи зисти амрикоиҳо дар меҳмонсароҳои Покистон


Вазорати хориҷаи ИМА дар робита ба таҳдиди ҳамлаҳои нави террористӣ ба шаҳрвандони Амрико зистан дар меҳмонсароҳои бузурги пойтахти Покистон ва ду шаҳри ин кишварро манъ кард. Тасмим дар ин бора баъди инфиҷор дар меҳмонсарои “Марриотт”-и Исломобод гирифта шуд, ки бар асари он, ба иттилоъи расмӣ, 53 нафар ба ҳалокат расиданд. Сафорати ИМА дар Покистон барои мансабдорони ҳукуматии Амрико на фақат буду буш, балки ҳатто ташриф ба меҳмонхонаҳои бузурги Исломобод, Қарочӣ ва Пешоварро мамнӯъ эълон кард. Мақомоти Амрико ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки тарабхонаҳо ва бозорҳои Покистон низ шояд мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои даҳшатафкан қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG