Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 корманди полис дар канори Кобул


Дар канори ғарбии Кобул бар асари ду инфиҷор 5 корманди полис ба ҳалокат расиданд ва раҳбари полиси ҷиноии шаҳр Алӣ Шоҳ Пактивол маҷрӯҳ шуд. Ба иттилоъи намояндаи вазорати умури дохилаи Афғонистон, инфиҷори дувум субҳи имрӯз дар ҳоле рух дод, ки генерал Пактивол ба ҷойи ҳалокати се корманди полис бар асари таркиши бегаҳи рӯзи сешанбе омад. Дар ин ҳодиса ду муҳофизи раҳбари полиси ҷиноӣ кушта шуданд ва худи генерал ҷароҳати сабук бардошт.
XS
SM
MD
LG