Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо дар рӯзи аввали нишасти маҷмаъи кулли СММ


Нишасти 63-вуми СММ, 23.09.2008
Нишасти 63-вуми СММ, 23.09.2008

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон даъват намуданд, ки ҷиҳати муқобила алайҳи буҳрони саросарии молӣ гомҳои изтирорӣ бардошта шавад.

Мавзӯъи фурӯпошии бозорҳои молии ҷаҳон аз мавзӯъҳои марказии нишаст маҷмаъи кулли СММ дар рӯзи аввали нишасти он (23-вуми сентябр) гардид. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун такъид намуд, ки зарур аст низоми бозорҳои молии ҷаҳон барқарор карда шавад. Ҳамчунин эълом гардид, ки замони он расидааст, то сохторҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои амнияти СММ, ба таври зербиноӣ ислоҳ шаванд.
Ҷорҷ У. Буш
Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ У. Буш дар суханронии охиринаш ба сарварони кишварҳои ҷаҳон замонат дод, ки ҳукуматаш ва Конгресси кишвар ихтисоси 700 миллиард доллар барои ёрии таъҷилӣ ба бурси марказии молии Амрико “Уолл Стрит”-ро дар зудтарин фурсат ба тасвиб хоҳад расонид: “Дар ҳафтаҳои гузашта барои пешгирӣ аз фурӯпошии хатарноки иқтисодӣ Амрико, ки ба иқтисодҳои кишварҳои тамоми ҷаҳон таъсирӣ тахрибкунанда мерасонд, мо гомҳои хеле ҷасурона бардоштем. Бо чораҳои пешгирикунанда ва дастгирии ширкатҳои асосии бузург аз муфлисшавӣ мо бозори молиро ба эътидол овардем. Бонки марказӣ ба системаи молӣ миқдори зарурии пули нақдро ворид кард. Ҳафтаи гузашта барои ҷилавгирӣ аз бесарусомонӣ дар бозорҳои молиамон ман дар бораи чораҳои қатъии ҳукумати федералӣ эълом намудам”.

Раисҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ пешниҳод намуд, ки сарварони кишварҳои ҷаҳонро лозим аст пеш аз анҷоми соли ҷорӣ мулоқот намоянд ва дар ҳамбастагӣ дарсҳои баъд аз соли 1930 амиқтарин буҳрони иқтисодиро баррасӣ кунанд. Сарвари Фаронса ва раисҷумҳури Бразил Луиз Игнасио Лула да Силва ба зарурати ислоҳоти решагии сохторҳои бисёрҷонибаи байнулмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои Амнияти СММ, даъват намуданд. Саркозӣ ишора намуд, ки афзоиши шумораи аъзои Шӯрои Амнияти СММ ва гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ (G8) на танҳо ба хотири адолат, балки ба хотири қобилияти саривақтии амали самараноки ин ниҳодҳо лозим аст.
Бан Кӣ Мун
Дар ҳамин ҳол, ба бовари коршиносон, мавзӯъи баҳсбарангези тарзи афзоиш додани теъдоди аъзои Шӯрои Амният аз замони таъсиси СММ дар соли 1945 ҳамоно тақрибан бе тағйир боқӣ монда, миёни кишварҳои аъзои ин созмон ҷудоӣ меандозад. Дар айни ҳол ША аз 10 узви муваққатӣ ва 5 узви доимии дорои ҳаққи вето (Чин, ИМА, Фаронса, Бритониё ва Русия) иборат аст.
Раисҷумҳури Сербия Борис Тадич дирӯз аз маҷмаъи умумии СММ даъват намуд, ки даъвояш ба Додгоҳи байнулмилалӣ барои ғайриқонунӣ шинохтани эълони истиқлолияти Косоворо дастгирӣ кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи гузашта Сербия ба СММ бо ин дархост муроҷиъат карда, таъкид карда буд, ки чунин бархӯрд дар оянда метавонад барои ҳалли баҳсҳои шабеҳ чун намуна хизмат кунад. Ӯ ҳамчунин эълони истиқлолияти Косоворо чолише бар тамоми низоми СММ хонд: “Эъломияи ғайриқонунии соҳибистиқлолии Косово, як кӯшиши дигарест дар самти тақсими қаламрави кишвари аъзои СММ алорағми хоҳиши он ва беэътиноӣ ба мухолифати қатъии Шӯрои амният ҳадафи дастгирии қонуншиканон ва тарсондани ақаллиятҳои миллӣ мебошад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо вуҷуди ба расмият пазируфтани истиқлоли Косов аз тарафи ИМА ва аксари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо се чашоряки кишварҳои узви СММ онро дастгирӣ накарданд. Ба бовари коршиносони масоъили сиёсӣ, бисёре аз кишварҳо хавф доранд, ки ба расмият шинохтани Косово ангезаи ҷунбишҳои ҷудоихоҳ дар тамоми ҷаҳон хоҳад шуд.

Владимир Путин
Тадич ҳамчунин ба ин нукта ишора намуд, ки аз ҷониби кишварҳои Ғарб пазируфта шудани истиқлоли Косово сабаби ба амал омадани ҷанги кӯтоҳмуддат миёни Гурҷистону Русия бар сари минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон шудаст. Нахуствазири Русия Владимир Путин ҳам гуфт, ки Ғарб бо пуштибонии истиқлоли Косово тамоми далелҳои зидди шинохти расмии Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG