Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баҳсҳо дар Маҷмаъи умумии СММ


Normal 0

Баҳсҳо дар Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк бо сухани ифтитоҳии дабири кулли ин созмон Бан Гӣ Мун шурӯъ шуд. Имрӯз дар Маҷмаъи умумӣ руъасои ҷумҳуриҳои Амрикову Гурҷистон ва Эрон Ҷорҷ Буш, Михаил Саакашвили ва Маҳмуди Аҳмадинажод суханронӣ мекунанд.

Рӯзи душанбе дар ҳошияи қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк садҳо нафар алайҳи Маҳмуди Аҳмадинажод ташкили тазоҳуроти эътирозӣ карданд. Фаъолони ҳуқуқи башар давлати Эронро ба маҳзи иҷрои ҳукми эъдоми наврасон ва табъизи ҳуқуқи зан маҳкум мекунанд, вале мегӯянд, вазъи Эрон дар ин масоил дар муқоиса бо дигар кишварҳои Ховари Миёна хеле хубтар аст.


XS
SM
MD
LG