Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ливнӣ Натаняҳуро ба ҳукумати Исроил даъват кард


Сарвазири мунтахаби Исроил Тсипӣ Ливнӣ аз раҳбари ҳизби ростгарои Ликуд Бенямин Натаняҳу даъват кард, ки ба ҳукумати ваҳдати миллӣ шомил шавад. Президенти Исроил Шимон Перес аз Ливнӣ, ки раҳбарии ҳизби Кадимаи ин кишварро бар дӯш дорад, дархост намудааст, ташкили ҳукумати навро бар ӯҳда гирад. Ливнӣ мегӯяд, агар дар ташкили ҳукумат муваффақ нашавад, ӯ интихоботи парламентӣ даъват хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG