Бино бар гуфтаи худи Муҳйиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси олии Тоҷикистон, ин мулоқот ва дидорҳои дигари ӯ бо муҳоҷирини кории тоҷик ба унвони баррасии масоъили мавриди нигаронкунандаи тоҷикони инҷоӣ бо вакили порлумони Тоҷикистон сурат хоҳанд гирифт. Вакили порлумони кишвар нийят дорад, ки чунин мулоқотҳоро дар шаҳрҳои дигари Русия – Маскав, Уфа ва Санкт-Петербург – доир кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мулоқоти қарордодии ӯ бо муҳоҷирини кории тоҷик дар шаҳри Маскав рӯзи 19-уми сентябр сурат нагирифт. М. Кабирӣ дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори родиюи "Озодӣ" сабаби баргузор нашудани ин дидорро дар набуди шартномаи махсус бо соҳибони толор, ки мулоқот бояд онҷо доир мегардид, меҳисобад. Акнун, бино бар иттилоъи масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин дидор бояд чаҳоршанбеи 24-уми сентябр сурат гирад.
Имрӯзҳо беш аз 1 миллион тоҷикистонӣ дар манотиқи гуногуни Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ будубош доранд ва, бадеҳист, ки масоъили зиёдеро рӯбарӯ ҳастанд. Ба тазаккури коршиносону таҳлилгарони сиёсиву иҷтимоъӣ, аксари кулли ин мардикорони тоҷик воҷиди шароити раъй дар интихоботу ҳамапурсиҳои дар Тоҷикистон доиршаванда буда, саҳми бузурге дар иқтисоди ватани худ доранд.
Ба бовари соҳибназарон, ин силсиладидорҳои Муҳйидини Кабирӣ, ба унвони вакили порлумон ва раиси як ҳизби умдаи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, на танҳо ҷиҳати расидагӣ ба мушкилоту масоъили умдаи мардикорони тоҷик дар ин кишвар, балки барои ҷалби маҳбубияти онҳо ба Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) талаққӣ мешаванд.
Музди меҳнат дар Тоҷикистон боз боло рафтааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки ҳукумат “шукрона”-и онҳоро ба инобат намегирад ва бо вуҷуди арзонӣ дар бозор музди меҳнатро ба маротиб боло бурдаанд. Як манбаъ дар агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо шарти зикр нашуди номаш дар ҷавоби катбӣ ба мо гуфт, ки дигар мансабдорон даст ба коррупсия намезананд ва пули буҷети давлатӣ самаранок истифода мешавад. Манбаъи дигари мо дар кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ телефонӣ тасдиқ кард, ки мансабдорони тоҷик худотарс шудаанд ва аз даст задан ба ришваситонӣ худдорӣ мекунанд. Коршиносон якбора боло рафтани музди меҳнат дар Тоҷикистонро ба “шукр”-и зиёд гуфтани сокинон рабт медиҳанд.

Гандуму дону ғалла, орду сабӯсу палла, Хоку замину пору, обу каланду салла! Халқи тайёрахӯри мо ҳамеша дастнигари дигаронем. Замин дар ихтиёр, оби мусаффои фаровон, “вроде” мардуми заҳматкашу деҳқон дорем, ҳанӯз ҳам аз камбуди гандуму қимматии орд азият мекашем. Оё гандумкорӣ ҳам “терроризм” аст? Оё деҳқонӣ “сепаратизм” аст?
"Озоди" ба чотон ман шарм доштум - "рУстанипарвари" :)
Statistikai hukumat ham az dasti fassodkoriash shubhanok ast!