Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила ҷануби Эронро такон дод


Зилзилаи мусовӣ ба 5 дараҷаи ченаки Рихтер шаҳри эронии Бандар Аббос, воқеъ дар соҳили Халиҷро такон додааст. Ин дуюмин заминларза дар ҷануби Эрон дар тӯли ҳафтаи равон аст. Хабаргузориҳои эронӣ иттилоъ медиҳанд, ки заминларза шаби гузашта ба вуқӯъ пайваст ва сокинони Бандар Аббос ба кӯчаҳо баромаданд. Иттилоъ дар бораи талафот пахш нашудааст.
Пажӯҳишгоҳҳои амрикоӣ мегӯянд, ки нерӯи зилзилаи шаби гузашта ба 5,2 дараҷа баробар буд. Чанд рӯз пеш зилзилаи мусовӣ ба 6,1 дараҷа ҳаёти камаш 7 сокини ин минтақаро аз байн бурда буд.
XS
SM
MD
LG