Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари қурбониҳои ҳамла болои сафорат яманианд


Мансабдорони яманӣ иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи чоршанбе бар асари ҳамла болои сафорати ИМА дар шаҳри Санъо (صنعاء) камаш 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки ибтидо мошини саршор аз маводи тарканда ба бинои сафорат бархӯрд ва сипас онро ҳадафи оташи тиру мушак қарор доданд. Мансабдорони амниятии Яман мегӯянд, дар байни қурбониҳо шаш афсари амниятии яманӣ, шаш масъули ҳамла ва чор нафар раҳгузар мебошанд. Яман зодгоҳи аҷдоди Усома бин Лодин буда, соли равон дар ин кишвар чанд ҳамлаи марбут Ал-Қоида ҷой дошт, аз ҷумла як ҳамла болои сафорати ИМА. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак изҳор намуд, ки ҳамла ба ҳамлаҳои Ал-Қоида шабоҳат дорад. Вале то ҳанӯз касеро масъули ҳамла эълон накардаанд. Моҳи март як гурӯҳи марбут бо Ал-Қоида масъулияти ҳамла болои сафорати ИМА-ро бар дӯш гирифта буд. Он замон мушак хато хӯрда на ба бинои сафорат, балки ба мактаби дар назди он қарор дошта, бархӯрда, 13 духтарро маҷрӯҳ намуд.

XS
SM
MD
LG