Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исроил вориси Олмерт интихоб мешавад


Имрӯз ҳизби ҳокими Кадимаи Исроил вориси сарвазири ин кишвар Эҳуд Олмертро интихоб мекунад. Дар рӯ ба рӯи иттиҳоми фасод Олмерт ба истеъфо ризоят дода, иброз дошт, ки имкон медиҳад, ворисаш эътилофи нави ҳоким ташкил намояд. Довталабони асосии курсии раҳбари Кадима вазири корҳои хориҷии Исроил хонум Тсипӣ Ливнӣ ва вазири нақлиёт Шаул Мофаз мебошанд. Барои ширкат дар интихоботи раҳбари нави Кадима 74000 нафар сабтином шудаанд.
XS
SM
MD
LG