Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов аз мақомоташ сахт норозист


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов шеваи рафтори ниҳодҳои низомиву интизомии кишвараш дар ҷараёни задухӯрди рӯзи шанбе дар пойтахт, шаҳри Ишқободро сахт мазаммат кардааст. Бар асоси хабарҳои муқаддамотӣ, нирӯҳои давлатӣ дар Ишқобод бо як гурӯҳи тундрави мазҳабӣ даргир шудаанд, вале рӯзи якшанбе мақомоти давлатии Туркманистон эълон карданд, ки пулис бо тоҷирони маводи мухаддир вориди задухӯрд шудааст. Рӯзи душанбе раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат вазоратхонаҳои дифоъ, умури дохила ва амнияти давлатӣ ба боди шадиди интиқод кашида гуфт, ки таъминот ва омодагии онҳо хеле заъиф будааст.
XS
SM
MD
LG