Барои аввалин бор дар таърихи Созмони милал раҳбарии маҷмаъро шахсияти динӣ бар дӯш хоҳад дошт.
Раиси маҷмаи кулли СММ, роҳиби калисои католики романӣ Мигуел Д-Эското Брокман дар гузашта вазири умури хориҷии Никарагуа будааст.
Сарфи назар аз он, ки маҷмаъ имрӯз кушода мешавад, раҳбарони кишварҳо баҳсҳояшонро ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд кард. Баҳсҳо аз 23-уми сентябр то 1-уми октябр давом мекунанд.