Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талотум дар бозорҳои Аврупо ва Осиё


Ба думболи хабарҳо доир ба варшикастагии ду бонки азими Иёлоти Муттаҳида қимати саҳмия дар бозорҳои бурси Аврупо ва Осиё башиддат поён омад. Бонки "Леман Брозерс", ки бар асари бӯҳрони маскан дар Амрико миллиардҳо доллар зиён дид, имрӯз гуфт, эъломи муфлисӣ ва ё варшикастагӣ хоҳад кард. Муассисаи дигари азими сармоягузории Иёлоти Муттаҳида "Мерилл Линч"- ро, ки ба мушкилоти молӣ дучор шудааст, бонки дигари амрикоӣ хоҳад харид. Бонки Марказии Аврупо ва Бонки Марказии Бритониё ҷиҳати роҳ надодан ба талотумҳои бештар дар муассисаҳои молии Аврупо, ба бозорҳои молӣ 36 миллиард евро рехтанд, то бонкҳо сармояи кофӣ барои қарз додан ба ҳамдигарро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG