Дар минтақаи қабиланишини Баҷури Покистон, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, дар як амалиёти нирӯҳои амниятӣ 16 ҷангии муттаҳам кушта ва 25 тани дигар захмӣ шуданд. Иқбол Хаттак, як мақоми давлатии Покистон гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ аз чархболу ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва силоҳи вазнин барои нобудсозии ҳадафҳои ҷангиён дар мавзеъҳои Лойсам, Рошакай, Тангхата ва Гулукас истифода кардаанд. Тӯли панҷ рӯзи гузашта дар даргириҳои минтақаи Баҷур беш аз 100 нафар, аксаран ситезаҷӯён ба ҳалокат расиданд. Бовар меравад, ки ин минтақа ба паноҳгоҳи Ал-Қоида табдил шудааст.