Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мотори хароби ҳавопаймо иллати вуқӯи садама шуд"


Иллати аслии суқути ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот"-и Русия дар шаҳри сибирии Перм ба эҳтимоли ғолиб дар хароб шудани мотори он гуфта мешавад. Дар ин ҳодиса ҳама 88 сарнишин ба ҳалокат расиданд. Владимир Маркин, яке аз масъулини гурӯҳи тафтишотии ин ҳодиса гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд аз ду як мотори ҳавопаймо аз кор баромада сабаби суқути ҳавопаймо шудааст. Сухангӯи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Ирина Андрианова гуфт, ки нишонае аз амали террористӣ будани ин ҳодиса ба назар намерасад. Дар натиҷаи ин фоҷеа, бахше аз роҳи оҳани Сибир ҳам хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG